Ҷавони 17-сола дар ноҳияи Деваштич зери сели азим ҳалок шуд

Шоми 6-уми май як сокини 17-солаи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки чорвои хонаводагиро мечаронд, дар сой афтода, аз он ки бо вай касе ҳамроҳ набудааст, дар сел ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин сокини ҷамоати Муҷун чорвои хонаводагиро мечаронд ва ҳангоми убур аз сойи Бешкалсой ба оби пуртуғён афтодаву ба ҳалокат […]

Шоми 6-уми май як сокини 17-солаи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки чорвои хонаводагиро мечаронд, дар сой афтода, аз он ки бо вай касе ҳамроҳ набудааст, дар сел ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин сокини ҷамоати Муҷун чорвои хонаводагиро мечаронд ва ҳангоми убур аз сойи Бешкалсой ба оби пуртуғён афтодаву ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, бар асари сели азим ҳамчунин пули Бешкалсойи деҳаи Панҷбоғи ҷамоати деҳоти Муҷун қисман зарар дида, ҳаракати нақлиёт муваққатан боздошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бар асари борони шадиди рӯзи 5-уми май ва боло гирифтани сатҳи намӣ дар ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун ярч ба амал омада, дар натиҷа бинои истиқоматӣ ва хоҷагии ёрирасон осеб дидаанд.

“Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, барои бартараф кардани паёмадҳои ин офати табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Кумита бори  дигар аз сокинони деҳоти кӯҳӣ даъват кардааст, ки дар рӯзҳои пурбориши баҳорӣ аз роҳандозии корҳои саҳро, киштукор, чорвочаронӣ, рафтан ба шикоргоҳ ва ғунучини ҳезум ё алаф худдорӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.