Аввалин гурӯҳи шифоёфтагон аз беморхонаи Хуҷанд ҷавоб шуданд

Шоми 6-уми май 10 бемори шифоёфтае, ки тӯли ду ҳафта дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) табобат мегирифтанд, сиҳат шуда, ба хонаашон баргаштанд. Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ин нафарон асосан сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ташхиси такрорӣ нишон додааст, ки онҳо комилан солиманд. Гуфта […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шоми 6-уми май 10 бемори шифоёфтае, ки тӯли ду ҳафта дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) табобат мегирифтанд, сиҳат шуда, ба хонаашон баргаштанд.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ин нафарон асосан сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ташхиси такрорӣ нишон додааст, ки онҳо комилан солиманд.

Гуфта мешавад, алҳол дар ин беморхона 94 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо бемории илтиҳоби шуш муроҷиат карда буданд, дар ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо шароити зарурӣ муолиҷа гирифта, вазъи солимиашон хуб арзёбӣ мешавад.

Дар ин хабар доир ба шумори дақиқи гирифторон ба коронавирус ва теъдоди фавти одамон то имрӯз дар вилояти Суғд маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, рӯзи 6-уми май дар Тоҷикистон 86 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шудаааст. Ба ин тариқ, шумори умумии беморони Covid-19 дар мамлакат ба 379 нафар расида, 8 кас бар асари он фавтидаанд.

Ҳамзамон вазорат иттилоъ дод, ки то 6-уми май дар муассисаҳои табобатии кишвар 3596 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Вазорат дар бораи шумори сироятёфтагон дар ҳар минтақаи кишвар маълумоти ҷудогона пешниҳод накардааст.

Қобили зикр аст, ки дар бораи 15 нафар аввалин сироятёфтагон Вазорат рӯзи 30-юми апрел хабар дод: 10 нафар дар Суғд ва 5 кас дар шаҳри Душанбе. Субҳи 2-юми май теъдоди сироятёфтагон ба 32 нафар, шоми 2-юми май – 76 кас, шоми 3-юми май – 128 нафар, 4-уми май – 23 кас ва 5-уми май – ба 293 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ танҳо дар бораи шумори умумии сироятёфтагон дар миқёси ҷумҳурӣ маълумот медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.