30 табиб дар реҷаи 24/7: ифтитоҳи хатти фаъол барои тоҷикистониён оид ба масоили COVID-19

30 нафар табибон дар ихтиёри тоҷикистониён қарор дошта, зимни тамос бо онҳо тариқи рақами бепули 311, дарёфти маълумот доир ба аломату тадбирҳои пешгирии COVID-19 ва посух ба дигар суолҳои зарурӣ имконпазир аст. ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” ҳамчун бонки аз лиҳози иҷтимоӣ масъул яке аз аввалинҳост, ки дар роҳандозии хатти фаъол барои тоҷикистониён оид ба масоили ҷории […]

30 нафар табибон дар ихтиёри тоҷикистониён қарор дошта, зимни тамос бо онҳо тариқи рақами бепули 311, дарёфти маълумот доир ба аломату тадбирҳои пешгирии COVID-19 ва посух ба дигар суолҳои зарурӣ имконпазир аст.

ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” ҳамчун бонки аз лиҳози иҷтимоӣ масъул яке аз аввалинҳост, ки дар роҳандозии хатти фаъол барои тоҷикистониён оид ба масоили ҷории сирояти коронавирус саҳм гузошт.

Бо дастгирии молиявии Бонк дар ҳамдастӣ бо Донишкадаи маълумоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии кишвар ва мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маркази робитаи шабонарӯзӣ оид ба масоили COVID-19 таъсис дода шуд.

“Хатти фаъол”-и бисёрсоҳавӣ шабонарӯзӣ 24 соат ва 7 рӯз дар як ҳафта тариқи рақами бепули 311 кор мекунад.

Ҳама гуна масъалаи вобаста ба коронавирус

Маркази робита ҳама гуна зангҳоро вобаста ба масъалаи сирояти коронавирус қабул мекунад: одамон метавонанд аз лиҳози вазъи рӯҳӣ машварат пурсида, доир ба аломату тадбирҳои пешгирии COVID-19, вазъи таъмини дорухонаҳо бо дору маълумот дарёфт кунанд ё ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳашон дар ин хусус посух гиранд.

Агар ҷавоби суол ба салоҳияти табибон дохил набошад, онҳо фавран онро ба мақомоти марбута ирсол мекунанд. Барои ин амал онҳо бо рақами телефонҳои ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор таъъминанд.

Тавре ректори Донишкадаи маълумоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии ҶТ, доктори илмҳои тиббӣ Муҳиддин Нуриддин қайд кард, барои кор дар марказ махсус мутахассисони ҷавону серғайрат интихоб шудаанд, ки натанҳо ба кори шабонарӯзӣ, балки пешниҳоди маълумоти салоҳиятнок ба шахсони зангзада низ қодиранд.

Қобили зикр аст, ки марказ дар бинои дафтари кории асосии бонк ҷойгир аст: ҳамаи 30 нафар духтурон бо маоши шоиста, 3 вақт хӯроки гарм, нақлиёт ва дигар шароити зарурии аз ҷониби ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” муҳайёшуда таъминанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.