Мансурҷон Умаров: “Таби зиёда аз 20 зиндонии Ваҳдат аз дарди гулӯ баланд шудааст”

Дар беш аз 20 нафар маҳбусони зиндони шаҳри Ваҳдат таби баланд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷорои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров хабар дод. Умаров овозаҳои ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудани маҳбусонро рад кард: “Дарвоқеъ, беш аз 20 нафар маҳбусон ба қисми тиббии муассиса бо таби […]

Дар беш аз 20 нафар маҳбусони зиндони шаҳри Ваҳдат таби баланд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷорои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров хабар дод.

Умаров овозаҳои ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудани маҳбусонро рад кард: “Дарвоқеъ, беш аз 20 нафар маҳбусон ба қисми тиббии муассиса бо таби баланд бистарӣ шуданд. Зимни муоина маълум шуд, ки сабаби баланд шудани таб дарди гулӯ будааст”.

“Ин маҳбусон рӯзадор буда, ҳангоми ифтор оби хунук нӯшиданд ва пас аз он ба беморӣ гирифтор шудаанд”, – иброз дошт Умаров.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта нашудааст.

“Бар асоси дастурҳои президент дар Вазорати адлия нақша ва тадбирҳои махсус таҳия шуда, аз 31-уми март дар муассисаҳои ислоҳӣ амалӣ мешаванд. Дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ ду моҳ инҷониб бо мақсади пешгирӣ ба ҷуз чораҳои санитарӣ, оид ба риояи меъёри тозагӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд”, – гуфт Умаров.

Зимнан қайд шуд, ки ниқобҳои махсуси тиббӣ натанҳо байни кормандон, балки миёни маҳбусон низ тақсим карда шудааст.

“Касоне, ки ба муассиса ворид мешаванд, бо воситаҳои махсус дастонашонро мешӯянд. Ҳамчунин мо ҳароратсанҷ харида, ба ҳамаи муассисаҳо тақсим кардем”, – илова кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дидорбинии кӯтоҳмуддат ва дарозмуҳлат бо маҳбусон муваққатан манъ шудааст. Алҳол маълум нест, ки ин қарор кай бекор мешавад.

Қаблан намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба риояи ҳуқуқи маҳкумшудагон дар шароити маҳдудиятҳои ҷоришуда аз ҷониби ҳукумат вобаста ба мубориза бо коронавирус даъват карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.