Аз манъи содироти маҳсулот Тоҷикистон чӣ қадар маблағ аз даст медиҳад?

Дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар бораи манъи муваққатии содироти баъзе навъҳои маҳсулоти ғизоӣ қарор қабул шуд. Аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар баровардании ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгӣ, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва […]

Дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар бораи манъи муваққатии содироти баъзе навъҳои маҳсулоти ғизоӣ қарор қабул шуд.

Аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар баровардании ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгӣ, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ шуд.

Манъи содироти ин навъи маҳсулот аз 25-уми апрел ҷорӣ шуда, то кай амал кардани қарори мазкур номуайян аст.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, соли гузашта ба хориҷи кишвар ба маблағи наздики 27 млн доллар маҳсулоти рустанӣ (сабзавоту мева, чой, биринҷ, гандум ва дигар зироати полезиву ғалладона) содирот шудааст, ки аз ҳаҷми умумии содироти кишвар 2,3%-ро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, ба маблағи наздики 5,1 млн доллар маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (ҳасиб ва дигар маҳсулоти гӯштӣ, шакар ва маснуоти қаннодӣ, нон ва маснуоти нонӣ, нӯшокиҳои машруботӣ ва ғайримашруботӣ ва ғайра) ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд, ки ҳиссаи он дар содироти ҷумҳурӣ ба 0,4% баробар аст.

Илова бар ин, ба маблағи 999 ҳазор доллар (0,1% аз ҳаҷми содирот) маҳсулоти соҳаи чорвордорӣ (гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм ва ғайра) содирот шуд.

Инҷунин ба маблағи 129 ҳазор доллар (0,01% аз ҳаҷми умумии содирот) чарбу ва равғани рустаниву ҳайвонот ба хориҷи кишвар интиқол дода шуд.

Ба ин тариқ, ҳаҷми умумии содироти солонаи маҳсулоти ғизоӣ аз Тоҷикистон андаке бештар аз 33 млн долларро ташкил дод, ки ҳамагӣ ба 2,8% дар сохтори содироти кишвар баробар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.