Садамаи марговар дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 8 кушта бар ҷой гузошт

Садамаи фоҷиабори нақлиёт дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд нисфирӯзии шанбе, 25-уми апрел рух дода, бар асари он 8 нафар ҷон бохтанд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, Манучеҳр Шокиров, ронандаи 31-солаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз Истаравшан ба самти Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил мебарояд […]

Asia-Plus

Садамаи фоҷиабори нақлиёт дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд нисфирӯзии шанбе, 25-уми апрел рух дода, бар асари он 8 нафар ҷон бохтанд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, Манучеҳр Шокиров, ронандаи 31-солаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз Истаравшан ба самти Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил мебарояд ва ба сабукрави “Опел-Вектра” зери идораи Бахтиёр Хоҷамуродови 37-сола бармехӯрад.

“Дар натиҷа ронандаи “Мерседес-Бенс” ва 3 нафар мусофирон, ки ҳама сокинони шаҳри Гулистон будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – зикр шудааст дар маълумоти ВКД.

Ҳамзамон ронандаи сабукрави “Опел-Вектра” бо 3 мусофираш – сокинони ноҳияи Зафаробод низ ҳалок шудаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.