Эмомалӣ Раҳмон: “Мушкилоти имрӯза паси сар мешаванд”

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон бо паёми шодбошӣ ба муносибати 75-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат кард. “Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ – 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд. […]

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон бо паёми шодбошӣ ба муносибати 75-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат кард.

“Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ – 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам”, – гуфт сарвари давлат.

Вай афзуд, ки дар охири асри бистум ва ибтидои садсолаи бисту якум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.

“Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем”, – изҳор дошт ӯ.

Раисҷумҳур дар идомаи суханронияш ба масоили мубориза бо бемории COVID-19 таваҷҷуҳ зоҳир кард:

“Аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, ҳоло сокинони дунёро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд.

Дар натиҷа мо чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кардем. Вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд.

Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем.

Табибон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо сипосу миннатдорӣ баён мекунам. Ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ ба савганди касбии худ содиқ мемонанд ва ба халқи Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.

Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.

Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.

Як масъалаи муҳимро борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст ва аз риояи талаботи тозагиву беҳдоштӣ вобаста мебошад.

Дар навбати аввал зарур аст, ки тавсияҳои табибон, яъне тозагии дастҳо ва нигоҳ доштани фосила ҳангоми суҳбат ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ дар хона, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳангоми сайру гашт қатъиян риоя карда шаванд.

Дар хотир бояд дошт, ки ин беморӣ бевосита аз одам ба одам мегузарад, яъне сирояткунанда ё интиқолдиҳандаи вирус танҳо худи инсон аст. Бинобар ин, мо бо риояи тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ бояд ҳамеша дар фикри худ ва аҳли оилаамон бошем ва нагузорем, ки вирус, пеш аз ҳама, дар байни аҳли хонадони мо пайдо шавад.

Такрор ҳам шавад, бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизамро даъват мекунам, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, барои таъмин намудани рӯзгори худ ва ҳамватанонамон ҳарчи бештар маводи ғизоӣ истеҳсол кунем.

Мувофиқи таҳлилу пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, баъди сипарӣ шудани мавсими коронавирус бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, бекорӣ, камбуди ғизо ва болоравии нархҳо вазъият дар ҷаҳон боз ҳам вазнин мешавад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худамонро самараноку оқилона истифода карда, барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ кӯшиш намоем.

Хотирнишон месозам, ки агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд.

Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳалаи ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

Умедворам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номуси мо ва дигар шахсони ватандӯсту саховатпеша мисли ҳарвақта пешсафу намуна хоҳанд буд.

Ҳамчунин мо бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем.

Ҳамватанони азизи мо бовар дошта бошанд, ки мушкилоти имрӯза муваққатианд ва ҳатман паси сар мешаванд.

Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем.

Мо бояд ба ояндаи неки худамон, фарзандонамон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта бошем.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон мушкилоти мавҷударо бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф месозанд ва тамоми нерӯи худро минбаъд низ ба самти ободии Ватани аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибихтиёри хеш сафарбар менамоянд.

Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам”.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.