Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Asia-Plus

Шоми 8-уми май, соати 18:00 дар мавзеи сарҳадии Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара муноқишаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ба тарзи худсарона аз худ кардани 4 гектар замини тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад.

“Сарҳадчиёни Қирғизистон ба ҷойи он ки аз муноқиша пешгирӣ кунанд, нақши иғвогарона бозида, ба сӯйи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон аз яроқи оташфишон тир холӣ карданд. Дар натиҷа шаҳрвандони Тоҷикистон Фазлиддин Фозилов, соли таваллудаш 1983 ва Айёмиддин Шарифов, соли таваллудаш 1971 сахт захмдор шуданд”, – омадааст дар хабари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Зикр шудааст, ки дар натиҷаи чораҷӯиҳои ду ҷониб васеъшавии низоъ пешгирӣ карда шуд. Байни сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳар ду ҷониб баҳри пурра ба эътидол овардани вазъият гуфтушунид идома дорад.

Дар шаҳрдории Исфара ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Боткон ба саҳрои маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, дар масоҳати 60 сотихи қитъаи 4-гектараи замине, ки ба марзи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҷуворимакка кориданд.

“Ин амали худсарона ва ғосибонаи ҳамсояҳо боиси норозигии сокинони маҳаллаи Қуммазор гардида, онҳо монеъи ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон шуданд, аммо сокинони ноҳияи Боткон ба талаботи онҳо беэътиноӣ карда, муноқишаро оғоз карданд”, – иброз дошт сухангӯйи раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода.

Ба қавли ӯ, соати 17:05-и имрӯз нахуст байни сокинони ин ду маҳаллаи наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифта, баъдан ба сангпартойӣ табдил ёфт, ки дар натиҷа як сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Аёмиддин Шарофов, соли таваллудаш 1971 ҷароҳати сахт бардошта, ба беморхонаи шаҳр интиқол дода шуд.

“Аммо дар як фурсати кам зиёда аз 80 нафар сокинони ноҳияи Боткон таҳти пуштибонии наздики 30 сарҳадбон ва 10 милитсионери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз яроқи шикорӣ ба сӯйи аҳолии бесилоҳи маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон Фазлиддин Фозилов аз яроқи оташфишон ҷароҳати вазнин бардошт ва алҳол дар беморхонаи Исфара ҷарроҳӣ карда мешавад”, – гуфт Илёсзода.

Вай афзуд, ки айни замон раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ва сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар мавзеъи муноқиша қарор дошта, бо ҳамтоёни қирғизи худ музокира доранд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки низоъ аз масъалаи истифодаи 50 сотих замин дар маҳаллаи Чеки вилояти Ботканд ба амал омадааст. Ин қитъаи марзӣ аломатгузорӣ нашудааст, вале онро амалан ҷониби Қирғизистон истифода мекунад.

“Қариб 30-40 шаҳрванди Қирғизистон ва 30-40 шаҳрванди Тоҷикистон ба сӯйи ҳамдигар санг партофтанд. Дар ҷараёни муноқиша садои тири силоҳи шикорӣ баланд шуд. Бо мақсади роҳ надодан ба авҷгирии низоъ марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯйи ҳаво якчанд тири огоҳӣ кушоданд. Вазъият барои чанд муддат нисбатан ором шуд. Бо аҳолии мавзеъҳои наздимарзии ду ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешуд. Аммо мазбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ногаҳон ба сӯйи марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистон аз миномёт оташ кушоданд”, – хабар додааст 24.kg бо истинод ба ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Тибқи хабари дигари 24.kg, аснои задухӯрди мусаллаҳона 3 марзбони қирғиз маҷруҳ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...