Пешниҳоди кумаки ғизоӣ ба 300 табиб дар вилояти Хатлон

Имрӯз бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба 300 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза бо COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд. Раиси вилоят бо изҳори сипос аз фаъолияти табибоне, ки софдилона баҳри ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, таъкид кардааст, ки […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Имрӯз бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба 300 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза бо COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд.

Раиси вилоят бо изҳори сипос аз фаъолияти табибоне, ки софдилона баҳри ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, таъкид кардааст, ки бинобар афзоиш ёфтани ҳаҷми кор, зарурати таъмини шароити арзандаи фаъолият, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба миён омадааст. Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастур додааст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбир андешанд.

Чунин кумаки ғизоӣ, ки аз орд, биринҷ, равған, картошка ва пиёз иборат буд, ба 100 нафар табибону ҳамшираҳои шафқати Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дастрас гардид. Ҳамчунин ба 117 нафар табибони Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб расонида шуд.

Қурбон Ҳакимзода қаблан дастур дода буд, ки ба кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, аз ҷумла, ба духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.