Болоравии маоши кормандони буҷетӣ бар асари коронавирус бекор намешавад

Ваъдаи роҳбарияти ҳукумат доир ба афзудани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 1-уми сентябр иҷро хоҳад шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд, маблағи зарурӣ барои иҷрои ин дастур дар буҷети соли равон ба назар гирифта шудааст. “Соли ҷорӣ барои пардохти музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо дар маҷмӯъ беш аз 9 млрд сомонӣ […]

Ваъдаи роҳбарияти ҳукумат доир ба афзудани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 1-уми сентябр иҷро хоҳад шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд, маблағи зарурӣ барои иҷрои ин дастур дар буҷети соли равон ба назар гирифта шудааст.

“Соли ҷорӣ барои пардохти музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо дар маҷмӯъ беш аз 9 млрд сомонӣ равона мешавад. Ин моддаҳои ҳифзшудаи буҷет мебошанд, ки барои ҳукумат афзалиятноканд ва мо уҳдадорем, ки ин моддаҳоро саривақт ва дар ҳаҷми пурра маблағгузорӣ кунем”, – изҳор доштанд дар Вазорати молия.

Ёдрас мекунем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон дастур дод, ки аз 1-уми сентябр музди меҳнати кормандони буҷет, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% зиёд карда шаванд.

Пешниҳод шуд, ки маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳаҷми 10%, дигар муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо 15% боло бурда шаванд.

Ба ҷуз ин, болоравии ҳаҷми нафақаи маъюбони то синни 18-сола, гурӯҳи шахсони маъюби бекор ва ба нигоҳубин ниёздошта ба андозаи 50% дар назар аст.

Айни замон музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон – 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ – 1357 сомонӣ (140 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маблағи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ (31 доллар) баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба аввали моҳи марти соли равон маблағи умумии қарз аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои пешин 48 миллиону 536 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 5 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.