Дар беморхонаҳои Тоҷикистон табобати коронавирус пулакӣ аст ё ройгон?

Бо эълони расмии ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистон аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ донистан мехоҳанд, ки муолиҷаи коронавирус дар кишвар пулакӣ аст ё ройгон? Бо ин суол мо ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат карда, ҳамчунин бо як табиб ва шахси бемори коронавирус ҳамсуҳбат шудем. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки […]

Бо эълони расмии ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистон аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ донистан мехоҳанд, ки муолиҷаи коронавирус дар кишвар пулакӣ аст ё ройгон? Бо ин суол мо ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат карда, ҳамчунин бо як табиб ва шахси бемори коронавирус ҳамсуҳбат шудем.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки табобати бемории коронавирус дар кишвар бепул аст.

“Ҳамаи гирифторони COVID-19 дар беморхонаҳои Тоҷикистон бепул муолиҷа мегиранд. Аз онҳо барои кат (ҷой), доруворӣ, табобат ва хизматрасонӣ маблағ талаб карда намешавад. Маводи тиббие, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, мувофиқи шумори гирифторони коронавирус ба беморхонаҳое, ки дар онҳо чунин беморон бистариянд, тақсим шуда, онҳо бо ин мавод ройгон табобат мегиранд”, – хабар доданд аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Табиби яке аз беморхонаҳои пойтахт, ки дар он беморони коронавирус бистариянд, хабар дод, ки на ҳамаи маводи тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ таъмин мешавад.

“Бо ворид шудани миқдори зиёди кумаки башардӯстона Вазорат таъмини беморхонаҳоро бо маводи тиббӣ беҳтар кард, аммо ин на ҳамаи воситаҳо барои табобати беморон мебошад. Тақрибан 60-70%-и доруворӣ ва маводи тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ таъмин мешавад, маводи тиббии асосӣ мебошад. Худи беморон асосан маводи ёридиҳандаро барои тақвияти бадан ва баланд бардоштани сироятнопазирӣ (иммунитет) мехаранд. Рӯйхати доруҳои иловагиро маъмулан ба бемороне пешкаш мекунем, ки ба харидории он аз ҳисоби худашон изҳори омодагӣ мекунанд”, – хабар дод табиб.

Ба гуфтаи як бемори гирифтори коронавирус, ҳамаи доруҳоро ӯ аз ҳисоби худаш харидааст, лекин дар хона муолиҷа мегирад.

“Вақте аломатҳои коронавирусро ҳис кардам, ба дармонгоҳ муроҷиат кардам. Ташхиси маро дарди гулӯ гузошта, табобат таъин карданд. Вале аҳволам бад шуда, ба духтури шинос муроҷиат кардам. Пас аз муоина ӯ гуфт, ки ман ба бемории коронавирус гирифтор шудаам. Ӯ ба ман доруворӣ таъин кард. Акнун дар хона табобат мегирам ва аллакай худро беҳтар ҳис мекунам. Барои доруворӣ ва маводи тиббӣ 800 сомонӣ сарф кардам. Аммо фикр мекунам, ки ин ҳоло охири кор нест. Табиб гуфт, ки баъд аз ин таъинот боз доруҳои дигар менависад. Агар муолиҷа шуда бошам, танҳо барои тақвияти организм, вале агар табобат наёфта бошам, муолиҷаро бо реҷаи дигар идома медиҳам”, – хабар дод сокини пойтахт, ки пайи табобати бемории COVID-19 аст.

То 9-уми май дар Тоҷикистон 612 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, бар асари ин беморӣ 20 нафар фавтиданд.

Маълумот дар бораи ҳолати рӯзи 10-уми майро Вазорати тандурустӣ мунташир накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.