Чӣ гуна дар Тоҷикистон пойафзол истеҳсол мекунанд?

Azam – аввалин тамғаи истеҳсоли пойафзол дар Тоҷикистон аст. Оксфорд, манки, брогиҳоро дар ин ҷо аз чарми табиӣ медӯзанд. Нархи миёнаи онҳо 250 сомонӣ мебошад. Барои мисол, чунин пойафзоли дӯхти дастӣ дар Итолиё навъи олӣ шуморида шуда, бо нархи даҳҳо маротиба гаронтар фурӯхта мешавад. Ровии барномаи Made in Tajikistan Рафаэл Гулов ба яке аз коргоҳҳои […]

Azam – аввалин тамғаи истеҳсоли пойафзол дар Тоҷикистон аст. Оксфорд, манки, брогиҳоро дар ин ҷо аз чарми табиӣ медӯзанд. Нархи миёнаи онҳо 250 сомонӣ мебошад. Барои мисол, чунин пойафзоли дӯхти дастӣ дар Итолиё навъи олӣ шуморида шуда, бо нархи даҳҳо маротиба гаронтар фурӯхта мешавад.

Ровии барномаи Made in Tajikistan Рафаэл Гулов ба яке аз коргоҳҳои ин тамға дар Душанбе рафта, бо ҷараёни истеҳсолот шинос ва бо молики он – соҳибкори ҷавон Аъзам Аҳруллоев ҳамсуҳбат шуд.

Дар ин гузориш оид ба истеҳсоли пойафзол ва маснуоти чармӣ, инчунин чӣ тавр аз ҷониби соҳибкор ҷалб шудани 25 ҳазор доллар сармоягузорӣ маълумот медиҳем.

Дар охири навор туҳфа – озмун аз Аъзам барои корбарони Asia-Plus.

Made in Tajikistan – лоиҳаи нави видеоии “Азия-Плюс” мебошад. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият менамоянд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!

Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад. “ТАДЭС” – 81 сол дар саргаҳи сохтмони саноат.

Шарики расмии лоиҳа Фонди ҷамъиятии Accelerate Prosperity (“Соҳибкорӣ ва рушд”) – бизнес-инкубатор мебошад, ки барои оғоз бахшидани лоиҳаҳо ба маблағи то 50 ҳазор доллар кумак мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.