Қатъи фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо дар пойтахт

Шаҳрдории Душанбе дастур дод, ки фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ ва нуқтаҳои шустани автомашинаҳо то 31-уми май қатъ карда шавад. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ин қарор бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст. Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шуданд, ки дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе дастур дод, ки фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ ва нуқтаҳои шустани автомашинаҳо то 31-уми май қатъ карда шавад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ин қарор бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст.

Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси шаҳри Душанбе низ то 31-уми май манъ карда шуд.

Дар шаҳри Душанбе инчунин меҳмонхонаву қаҳвахона ва тарабхонаҳо низ айни замон кор намекунанд.

То шоми 11-уми май дар Тоҷикистон 661 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 21 кас бар асари ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.