Имомхатиби шинохта Қорӣ Ирфониддин дар беморхонаи Бохтар фавтидааст

Шоми 11-уми май дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар руҳонии шинохта Қорӣ Ирфониддин аз олам даргузашт. Як манбаъ аз беморхонаи мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Ирфониддин Шамсуддинов, маъруф бо номи Қорӣ Ирфониддин тайи чанд рӯзи охир дар шуъбаи бемориҳои сироятии ин дармонгоҳ бо аломатҳои таби баланд ва […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Шоми 11-уми май дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар руҳонии шинохта Қорӣ Ирфониддин аз олам даргузашт.

Як манбаъ аз беморхонаи мазкур ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Ирфониддин Шамсуддинов, маъруф бо номи Қорӣ Ирфониддин тайи чанд рӯзи охир дар шуъбаи бемориҳои сироятии ин дармонгоҳ бо аломатҳои таби баланд ва нафастангӣ бистарӣ будааст. “Ӯ баъд аз чанд рӯзи беморӣ шоми 11-уми май аз олам чашм пӯшид”, – гуфт манбаъ.

Қорӣ Ирфониддин дар минтақаи Бохтар яке аз рӯҳониёни ҷавон ва шинохта буд. Тайи чанд сол вазифаи имомхатиби масҷиди ба номи Имоми Аъзамро дар маҳаллаи 14-и шаҳри Бохтар бар уҳда дошт.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар ин беморхона собиқ раиси Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода аз “иҳтилоби шуш” фавтид. Писари 25-солаи ӯ низ рӯзи 10-уми май дар ҳамин беморхона вафот кард.

Дирӯз сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Алихон Нурализода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар як шабонарӯзи охир дар шуъбаи бемориҳои сироятии онҳо 3 нафар аз бемории шадиди роҳҳои нафас ва илтиҳоби шуш фавтиданд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, вазъи саломатии 11 бемори дигар миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.