Пешниҳоди ба Шавкат Мирзиёев додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон

Сокини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)-и вилояти Хатлон, шолипарвар Ҳоҷӣ Муҳаммадисо пешниҳод кардааст, ки ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. Ҳоҷӣ Муҳаммадисои 70-сола бар ин назар аст, ки барои сарвари давлати Ӯзбекистон ин мукофоти арзанда аст. “Баъди сари мансаб омадани Шавкат Мирзиёев муносибатҳо байни давлатҳо куллан тағйир ёфтанд. Сиёсати беҳбуди муносибатҳо бо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)-и вилояти Хатлон, шолипарвар Ҳоҷӣ Муҳаммадисо пешниҳод кардааст, ки ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Ҳоҷӣ Муҳаммадисои 70-сола бар ин назар аст, ки барои сарвари давлати Ӯзбекистон ин мукофоти арзанда аст.

“Баъди сари мансаб омадани Шавкат Мирзиёев муносибатҳо байни давлатҳо куллан тағйир ёфтанд. Сиёсати беҳбуди муносибатҳо бо Тоҷикистон, ки сарвари давлати Ӯзбекистон пеш гирифт, дарҳол аз ҷониби мардуми ҳар ду кишвар дастгирӣ ёфт. Дар ҳамдастӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ӯ ҳамаи мушкилоти солҳои тӯлонӣ ҷойдоштаро дар муносибатҳои ҳар ду кишвар ҳал кард”, – гуфт ӯ ба “Азия-Плюс”.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, кумаки ҳозира ҳам, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расонида истодааст, бояд ба инобат гирифта шавад.

“Дар масъалаи кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 имрӯз Ӯзбекистон пешсаф аст. Тошканд аллакай се маротиба ба Душанбе кумак ирсол кард.  Табибони вирусшиноси ин кишвар ба ҷумҳурӣ сафарбар шуданд. Дармонгоҳи сайёр низ ба Душанбе фиристода шуд”, – иброз дошт Ҳоҷӣ Муҳаммадисо.

Моҳи августи соли 2018 зимни сафари давлатӣ ба Тошканд сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Эл юрт ҳурмати» – ордени “Эътироф ва ҳурмати умумихалқӣ” сарфароз гардонида шуд.

“Мо, тоҷикон набояд назди бародарони ӯзбеки худ қарздор бимонем – Шавкат Мирзиёевро бо унвони олии кишварамон қадрдонӣ кардан лозим аст”, – чунин мешуморад ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио