Имтиҳоноти хатм барои синфҳои 9 ва 11 аз 15-ум то 24-уми июн баргузор мешаванд

Бинобар андешидани чораҳои зарурӣ  ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст шудани имтиҳоноти давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз 9-уми май қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 ба тасвиб расид. Тибқи он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Тоҷикистон аз рӯзи 10-уми май ба таътил фиристода […]

Asia-Plus

Бинобар андешидани чораҳои зарурӣ  ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст шудани имтиҳоноти давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз 9-уми май қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 ба тасвиб расид. Тибқи он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Тоҷикистон аз рӯзи 10-уми май ба таътил фиристода шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, инчунин хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳони аттестатсияи хатм иштирок карда натавонистанд, супоридани имтиҳони онҳо ба фасли тирамоҳ гузаронида шуд.

Ҳамзамон тибқи қарори мазкур Вазорати маориф ва илми ҶТ вазифадор шудааст, имтиҳони такрории аттестатсияи хатми давлатиро барои донишҷӯёне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳои аттестатсияи хатм иштирок карда натавонистаанд, дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 ташкил намояд.

Қарори мазкур танҳо барои хатмкунандагони се зинаи таҳсилот – муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ-техникӣ), муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (донишкадаю донишгоҳҳо) мутааллиқ аст. Яъне банди 4-и қарори қаблии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 аз 5-уми май “Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад” бетағйир мондааст. Имтиҳонҳо барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рӯзҳои муқарраршуда баргузор мешаванд.

Қаблан маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ иттилоъ дода буд, ки бо як қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19, ки рӯзи 30-юми апрел ба тасвиб расидааст, барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми май таътили тобистона эълон карда мешавад. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ мегардад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.