Собиқ раиси “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва писараш фавтиданд

Руҳулло Ҳакимзода, собиқ роҳбари бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” имрӯз, 11-уми май аз бемории “илтиҳоби шуш” дар шаҳри Бохтар вафот кардааст. Хабари марги Руҳулло Ҳакимовро сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нурализода ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. “Айни замон ҷасади марҳум аз беморхона бо риояии тамоми талаботи эпидимологӣ бароварда, ба хонаи […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Руҳулло Ҳакимзода, собиқ роҳбари бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” имрӯз, 11-уми май аз бемории “илтиҳоби шуш” дар шаҳри Бохтар вафот кардааст.

Хабари марги Руҳулло Ҳакимовро сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нурализода ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

“Айни замон ҷасади марҳум аз беморхона бо риояии тамоми талаботи эпидимологӣ бароварда, ба хонаи охират фиристода мешавад”, – гуфт дар як суҳбати телефонӣ Алихон Нурализода.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки дирӯз соати тахминан 11-и рӯз писари 25-солаи Руҳулло Ҳакимзода низ дар ҳамин беморхона ва аз ҳамин беморӣ фавтидааст.

Ба гуфтаи сардухтур, айни замон дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи мазкур 11 нафар бистариянд, ки вазъи саломатии онҳо вазнини миёна арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи дигар ба мо хабар дод, ки шабонарӯзи охир дар беморхонаи мазкур 3 нафар аз ин беморӣ вафот кардаанд.

Руҳулло Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шуда, солҳои зиёд дар соҳаи молия то вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кор кардааст. Ҳамчунин соли 2008 муовини раиси вилоят, соли 2010 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (ҳозира Балхӣ), соли 2012 то 2013 муовини вазири молия, солҳои 2013-2014 директори Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, соли 2014 муовини раиси БДА “Амонатбонк” ва аз соли 2015 то 2019 дар вазифаи раиси БДА “Амонатбонк” фаъолият кардааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи 11-уми май дар мамлакат 661 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.