Дар Суғд ба маҳдуд кардани равуо байни шаҳру ноҳияҳо тавсия доданд

Роҳбарияти вилояти Суғд дар машварати корӣ оид ба мубориза бо коронавирус, ки рӯзи 11-уми май раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор кард, тавсия дод, ки рафтуомади шаҳрвандон байни шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда шавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар машварати корӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Роҳбарияти вилояти Суғд дар машварати корӣ оид ба мубориза бо коронавирус, ки рӯзи 11-уми май раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор кард, тавсия дод, ки рафтуомади шаҳрвандон байни шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда шавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар машварати корӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунанд.

“Зеро ҳоло ҳам дар шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор доранд, – омадааст дар хабар. – Ё қоидаҳои гигиенаи шахсиро ба таври зарурӣ риоя намекунанд. Масофаи байни якдигар, ҷамъ наомадан, миқдори зиёди мардум дар нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, рафту омади хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ боиси зиёд паҳн гаштани беморӣ шуда метавонад”.

Гуфта мешавад, дар машварати корӣ тавсия дода шуд, ки байни шаҳру навоҳии вилоят бе зарурат рафтуомади шаҳрвандон кам ва худҳимоякуниву дар хона мондан аз ҷониби аҳолӣ риоя карда шавад.

Дар бораи чӣ гуна ҷорӣ шудани ин тавсияҳо ва бо кадом реҷа амал кардани онҳо маълумот дода намешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то соати 17:30 дақиқаи 11-уми май дар Тоҷикистон 661 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.