Пешниҳоди ба Шавкат Мирзиёев додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)-и вилояти Хатлон, шолипарвар Ҳоҷӣ Муҳаммадисо пешниҳод кардааст, ки ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Ҳоҷӣ Муҳаммадисои 70-сола бар ин назар аст, ки барои сарвари давлати Ӯзбекистон ин мукофоти арзанда аст.

“Баъди сари мансаб омадани Шавкат Мирзиёев муносибатҳо байни давлатҳо куллан тағйир ёфтанд. Сиёсати беҳбуди муносибатҳо бо Тоҷикистон, ки сарвари давлати Ӯзбекистон пеш гирифт, дарҳол аз ҷониби мардуми ҳар ду кишвар дастгирӣ ёфт. Дар ҳамдастӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ӯ ҳамаи мушкилоти солҳои тӯлонӣ ҷойдоштаро дар муносибатҳои ҳар ду кишвар ҳал кард”, – гуфт ӯ ба “Азия-Плюс”.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, кумаки ҳозира ҳам, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расонида истодааст, бояд ба инобат гирифта шавад.

“Дар масъалаи кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 имрӯз Ӯзбекистон пешсаф аст. Тошканд аллакай се маротиба ба Душанбе кумак ирсол кард.  Табибони вирусшиноси ин кишвар ба ҷумҳурӣ сафарбар шуданд. Дармонгоҳи сайёр низ ба Душанбе фиристода шуд”, – иброз дошт Ҳоҷӣ Муҳаммадисо.

Моҳи августи соли 2018 зимни сафари давлатӣ ба Тошканд сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Эл юрт ҳурмати» – ордени “Эътироф ва ҳурмати умумихалқӣ” сарфароз гардонида шуд.

“Мо, тоҷикон набояд назди бародарони ӯзбеки худ қарздор бимонем – Шавкат Мирзиёевро бо унвони олии кишварамон қадрдонӣ кардан лозим аст”, – чунин мешуморад ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...