Артиши Чин табибони ҳарбии тоҷикро дастгирӣ кард

Date:

Ҳавопаймои ҳарбии боркашонии Артиши мардумии озодихоҳи Чин ба Душанбе кумаки башардӯстона овард.

“Кумак барои табибони ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти вазорат Ориф Нозимиён.

Табибони ҳарбӣ аз ҳамтоёни чинии худ ба маблағи умумии 2 миллион юан 13 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ гирифтанд.

“Табибони ҳарбие, ки ҳамроҳи ин кумак омаданд, кори муассири дастгоҳҳои ба Душанбе овардашударо барои мубориза бо СОVID-19 таъкид карданд”, – афзуд Нозимиён.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бародаршаҳрҳои Душанбе – Синдао ва Сямини Чин ба Тоҷикистон кумак карданд. 10-уми май дар дидбонгоҳи назоратии “Қулма-Қарасу” 17 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), беш аз 48 ҳазор ниқоби муҳофизатии тиббӣ, қариб 397 ҳазор ниқоби тиббии яккарата, 47 ҳазор ниқоби тиббии ҷарроҳӣ, 11 ҳазору 750 маҷмӯи либоси муҳофизатии тиббӣ, 20 ҳазору 600 ҷуфт дастпӯшак, 11 ҳазор айнаки муҳофизатӣ, 900 ҳароратсанҷ ва 5 ҳазор экран-ниқоби муҳофизатӣ ба Тоҷикистон супорида шуд. Арзиши кумак 479,6 ҳазор доллар ва зиёда аз 6,5 тоннаро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Чин низ ба Тоҷикистон кумак карда, он қисман ба ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...