Артиши Чин табибони ҳарбии тоҷикро дастгирӣ кард

Ҳавопаймои ҳарбии боркашонии Артиши мардумии озодихоҳи Чин ба Душанбе кумаки башардӯстона овард. “Кумак барои табибони ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти вазорат Ориф Нозимиён. Табибони ҳарбӣ аз ҳамтоёни чинии худ ба маблағи умумии 2 миллион юан 13 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ гирифтанд. “Табибони ҳарбие, ки ҳамроҳи ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳавопаймои ҳарбии боркашонии Артиши мардумии озодихоҳи Чин ба Душанбе кумаки башардӯстона овард.

“Кумак барои табибони ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти вазорат Ориф Нозимиён.

Табибони ҳарбӣ аз ҳамтоёни чинии худ ба маблағи умумии 2 миллион юан 13 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ гирифтанд.

“Табибони ҳарбие, ки ҳамроҳи ин кумак омаданд, кори муассири дастгоҳҳои ба Душанбе овардашударо барои мубориза бо СОVID-19 таъкид карданд”, – афзуд Нозимиён.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бародаршаҳрҳои Душанбе – Синдао ва Сямини Чин ба Тоҷикистон кумак карданд. 10-уми май дар дидбонгоҳи назоратии “Қулма-Қарасу” 17 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), беш аз 48 ҳазор ниқоби муҳофизатии тиббӣ, қариб 397 ҳазор ниқоби тиббии яккарата, 47 ҳазор ниқоби тиббии ҷарроҳӣ, 11 ҳазору 750 маҷмӯи либоси муҳофизатии тиббӣ, 20 ҳазору 600 ҷуфт дастпӯшак, 11 ҳазор айнаки муҳофизатӣ, 900 ҳароратсанҷ ва 5 ҳазор экран-ниқоби муҳофизатӣ ба Тоҷикистон супорида шуд. Арзиши кумак 479,6 ҳазор доллар ва зиёда аз 6,5 тоннаро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Чин низ ба Тоҷикистон кумак карда, он қисман ба ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.