Сардухтури беморхонаи ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён фавтид

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бегоҳи 14-уми май сардухтури Беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Раҷабалӣ Почоқулов дар шуъбаи эҳёгарии дармонгоҳи марказии ноҳия вафот кард.

Марги Почоқуловро сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Маҳмадӣ Давлатзода тасдиқ кард.

“Раҷабалӣ Почоқулов қаблан дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи Заргар бистарӣ шуда буд. Баъдан ӯро ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳия оварданд. Бегоҳи имрӯз дар ҳамин шуъба фавтид”, – гуфт Давлатзода.

Ба қавли яке аз ҳамкорони Раҷабалӣ Почоқулов, ӯ бо бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буд.

Маҳмадӣ Давлатзода зимни суҳбати телефонӣ иброз дошт: “Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки ӯ гирифтори бемории COVID-19 буд ё не, зеро таҳлили коронавирусро насупурда буд”.

Қобили зикр аст, ки ҳафтае қабл духтури кӯдаконаи ҳамин беморхона Абдухолиқ Пириев ҳам аз бемории “илтиҳоби шуш” ҷони худро аз даст дода буд.

Ба гуфтаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, тӯли 10 рӯзи охир дар Кӯшониён 3 табиб аз ин беморӣ фавтидаанд.

Чанд рӯз қабл директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия Маҳмадӣ Тешаев ҳам аз олам даргузашт.

Давлатзода афзуд, ки духтур Тешаев гирифтори бемории қанд буд ва чанде қабл вазъи саломатияш бад шуд. “Табибон ӯро муоина карда, муолиҷа фармуда буданд. Мутаассифона, дар хонааш вафот кард”, – гуфт ӯ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...