Сардухтури беморхонаи ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён фавтид

Бегоҳи 14-уми май сардухтури Беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Раҷабалӣ Почоқулов дар шуъбаи эҳёгарии дармонгоҳи марказии ноҳия вафот кард. Марги Почоқуловро сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Маҳмадӣ Давлатзода тасдиқ кард. “Раҷабалӣ Почоқулов қаблан дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи Заргар бистарӣ шуда буд. Баъдан ӯро ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳия оварданд. Бегоҳи имрӯз дар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Бегоҳи 14-уми май сардухтури Беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Раҷабалӣ Почоқулов дар шуъбаи эҳёгарии дармонгоҳи марказии ноҳия вафот кард.

Марги Почоқуловро сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Маҳмадӣ Давлатзода тасдиқ кард.

“Раҷабалӣ Почоқулов қаблан дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи Заргар бистарӣ шуда буд. Баъдан ӯро ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳия оварданд. Бегоҳи имрӯз дар ҳамин шуъба фавтид”, – гуфт Давлатзода.

Ба қавли яке аз ҳамкорони Раҷабалӣ Почоқулов, ӯ бо бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буд.

Маҳмадӣ Давлатзода зимни суҳбати телефонӣ иброз дошт: “Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки ӯ гирифтори бемории COVID-19 буд ё не, зеро таҳлили коронавирусро насупурда буд”.

Қобили зикр аст, ки ҳафтае қабл духтури кӯдаконаи ҳамин беморхона Абдухолиқ Пириев ҳам аз бемории “илтиҳоби шуш” ҷони худро аз даст дода буд.

Ба гуфтаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, тӯли 10 рӯзи охир дар Кӯшониён 3 табиб аз ин беморӣ фавтидаанд.

Чанд рӯз қабл директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия Маҳмадӣ Тешаев ҳам аз олам даргузашт.

Давлатзода афзуд, ки духтур Тешаев гирифтори бемории қанд буд ва чанде қабл вазъи саломатияш бад шуд. “Табибон ӯро муоина карда, муолиҷа фармуда буданд. Мутаассифона, дар хонааш вафот кард”, – гуфт ӯ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...