“Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба мубориза бо COVID-19 1,5 млн сомонӣ кумак равона кард

Иттилоияи расмӣ

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои хайру эҳсонкории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ, ширкати ватании “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ташаббусҳои башардӯстонаи худро идома дода истодааст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар ба таври доимӣ тадбирҳои заруриву фаврӣ амалӣ мешаванд.

Бахусус, дар шаҳри Душанбе бо иқдомҳои созандаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди пандемияи бемории сироятии COVID-19 бо роҳи сохта ба истифода додани беморхонаҳои нав барои қабули беморон, фаъолияти шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои давлатӣ, инчунин ба таври доимӣ гузаронидани безараргардонии иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ корҳои назаррас анҷом мепазирад.

Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар муддати кӯтоҳ навбати дуюм аст, ки шумораи зиёди лавозимоти тиббӣ ва таҷҳизотро барои эҳтиёҷоти имрӯзаи соҳаи тиб ба Тоҷикистон таҳвил дода, ба воситаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои тиббии пойтахт ба таври ройгон месупорад.

Ҳаҷми кумаки ин дафъа расонидаи ширкат 1,5 миллион сомониро дарбар гирифта, аз 10 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) иборат аст.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати мазкур аввалин шуда, 20 ҳазор тести санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500  маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибонро ба маблағи зиёда аз 5 млн. сомонӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим кард.

Маводи дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб ниҳоят муҳим буда, барои анҷом додани фаъолияти бештар пурмасъули табибон мусоидат мекунад.

Дар ширкат қайд мекунанд, ки ин иқдом ҷавоб ба дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз фаъолияти бахши хусусӣ мебошад.

“Имрӯз, ки соҳаи тиб дар як давраи кӯтоҳ ба пандемияи COVID-19 гирифтор гаштааст, ҳамаи моро зарур аст, ки сарҷамъона барои ҳимояи сиҳатии мардуми Тоҷикистон мубориза бурда, қоидаҳои ҳифзи саломатиро риоя намоем. Ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” минбаъд низ ба чунин иқдомҳои эҳсонкории худ идома мебахшад”, – зикр шудааст дар иттилоияи расмии ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...