“Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба мубориза бо COVID-19 1,5 млн сомонӣ кумак равона кард

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои хайру эҳсонкории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ, ширкати ватании “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ташаббусҳои башардӯстонаи худро идома дода истодааст. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар ба таври доимӣ тадбирҳои заруриву фаврӣ амалӣ мешаванд. Бахусус, дар шаҳри Душанбе […]

Иттилоияи расмӣ

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои хайру эҳсонкории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ, ширкати ватании “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ташаббусҳои башардӯстонаи худро идома дода истодааст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар ба таври доимӣ тадбирҳои заруриву фаврӣ амалӣ мешаванд.

Бахусус, дар шаҳри Душанбе бо иқдомҳои созандаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди пандемияи бемории сироятии COVID-19 бо роҳи сохта ба истифода додани беморхонаҳои нав барои қабули беморон, фаъолияти шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои давлатӣ, инчунин ба таври доимӣ гузаронидани безараргардонии иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ корҳои назаррас анҷом мепазирад.

Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар муддати кӯтоҳ навбати дуюм аст, ки шумораи зиёди лавозимоти тиббӣ ва таҷҳизотро барои эҳтиёҷоти имрӯзаи соҳаи тиб ба Тоҷикистон таҳвил дода, ба воситаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои тиббии пойтахт ба таври ройгон месупорад.

Ҳаҷми кумаки ин дафъа расонидаи ширкат 1,5 миллион сомониро дарбар гирифта, аз 10 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) иборат аст.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати мазкур аввалин шуда, 20 ҳазор тести санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500  маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибонро ба маблағи зиёда аз 5 млн. сомонӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим кард.

Маводи дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб ниҳоят муҳим буда, барои анҷом додани фаъолияти бештар пурмасъули табибон мусоидат мекунад.

Дар ширкат қайд мекунанд, ки ин иқдом ҷавоб ба дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз фаъолияти бахши хусусӣ мебошад.

“Имрӯз, ки соҳаи тиб дар як давраи кӯтоҳ ба пандемияи COVID-19 гирифтор гаштааст, ҳамаи моро зарур аст, ки сарҷамъона барои ҳимояи сиҳатии мардуми Тоҷикистон мубориза бурда, қоидаҳои ҳифзи саломатиро риоя намоем. Ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” минбаъд низ ба чунин иқдомҳои эҳсонкории худ идома мебахшад”, – зикр шудааст дар иттилоияи расмии ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.