Дар Уфа коргарони тоҷикистонӣ аз коронавирус сироят ёфтанд

Дар шаҳри Уфаи Русия байни коргарони иншооти гаронтарини тайи солҳои охир – сохтмони шоҳроҳи мошингард хуруҷи коронавирус ба қайд гирифта шуд. Нашрияи «Ъ-Уфа» бо истинод ба бахши минтақавии Роспотребнадзор хабар медиҳад, ки 13 нафар зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бемористони шаҳрии №18 бистарӣ шуданд. Гуфта мешавад, ки аввалин беморонро ҳанӯз 5-уми май ошкор карда буданд. “Доираи […]

asia+, asia+

Дар шаҳри Уфаи Русия байни коргарони иншооти гаронтарини тайи солҳои охир – сохтмони шоҳроҳи мошингард хуруҷи коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Нашрияи «Ъ-Уфа» бо истинод ба бахши минтақавии Роспотребнадзор хабар медиҳад, ки 13 нафар зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бемористони шаҳрии №18 бистарӣ шуданд. Гуфта мешавад, ки аввалин беморонро ҳанӯз 5-уми май ошкор карда буданд.

“Доираи шахсоне, ки сироятёфтагон бо онҳо алоқа доштанд, муайян гардида, ба 177 нафар дар мавриди худро ҷудо нигоҳ доштан (гӯшанишинӣ) таъинот дода шудааст. Ҳамаи онҳо дар яке аз хобгоҳҳо (хостел)-и Уфа ҷойгир шудаанд”, – хабар додааст манбаъ.

Ин мардон дар ҶДММ “Лимакмаращавтодороги” кор мекунанд, ки ба ҳайати Limak Group-и Туркия шомил аст. Айни замон кори онҳо мутаваққиф шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.