Дар Хуросон сокини маҳаллӣ зери лойқа ҳалок шуд

Сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Хуросон – марди 65-сола, ки дар канори деҳа ҷараёни фаромадани селро бо телефон наворбардоӣ мекард, ба умқи 25-30 метр фурӯ рафтаву зери лой монда, ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҷасади марҳумро то соати 22:00 ҷустанд, вале натиҷа надодааст. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми май, қарибиҳои аср […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Хуросон – марди 65-сола, ки дар канори деҳа ҷараёни фаромадани селро бо телефон наворбардоӣ мекард, ба умқи 25-30 метр фурӯ рафтаву зери лой монда, ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҷасади марҳумро то соати 22:00 ҷустанд, вале натиҷа надодааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми май, қарибиҳои аср дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ ва Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боронҳои пуршиддат ва давомдор сел омада, ба як қатор хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст. Бар асари омадани сели азим ҳамчунин як сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Пахтаобод ба ҳалокат расидааст.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, сел ба деҳоти “Неъматулло Асадулло” ва “Ҳалқаҷар” бештар зиён расонида, беш аз 100 метри роҳи мошингарди Пахтаобод – Айниро пурра шуст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17-уми май чанде аз сокинони деҳоти аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон роҳи мошингарди Бохтар-Душанберо бастанд.

Ба гуфтаи таксирон Шаҳобиддин Зиёев, ки дар самти Душанбе-Бохтар кор мекунад, сокинон бо талаби таваҷҷуҳи таъҷилӣ ба мушкилоти онҳо ва кумак ҷиҳати барқарор кардани манзилҳояшон қариб як соат роҳро бастаанд.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 17-уми май навиштааст, ки “таҳдиди такроран омадани сел ба вуҷуд омада, мардум ба шоҳроҳи Бохтар-Душанбе ба ҷойи бехавф баромаданд. Дар натиҷаи корбарӣ мардум ҷобаҷо карда шуда, корҳои барқароркунӣ идома дорад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.