Дар шаҳри Бӯстон мард зани ҳамқадаҳашро кушт

Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) соати 20:00-и рӯзи 17 май дар хонаи марди 42-сола ҷасади зани 50-сола бо аломатҳои маргӣ маҷбурӣ дарёфт шуд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки марди соҳибхона бо ҳамроҳии зан дар хонаи истиқоматиаш машрубот истеъмол намуда, ҳангоми […]

asia+, asia+

Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) соати 20:00-и рӯзи 17 май дар хонаи марди 42-сола ҷасади зани 50-сола бо аломатҳои маргӣ маҷбурӣ дарёфт шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки марди соҳибхона бо ҳамроҳии зан дар хонаи истиқоматиаш машрубот истеъмол намуда, ҳангоми муноқишаи рухдода ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.