Коронавирус дар Тоҷикистон: теъдоди умумии беморон ба 1729 нафар расид

Asia-Plus

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 18 май ба 1729 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 205 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуда, боз 2 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус – covid.tj хабар медиҳад, шумори умумии фавтидагон аз коронавирус 41 нафарро ташкил медиҳад.

Дар бемористону дармонгоҳҳои ҷумҳурӣ айни замон 4016 ҳазор нафар зери муоинаи табибон қарор доранд.

Аз рӯйи шумори фавтидагон аз Covid-19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба зинаи аввал баромад.

Дар бораи 15 нафар аввалин сироятёфтагон –  10 нафар дар Суғд ва 5 кас дар Душанбе Вазорати тандурустии кишвар рӯзи 30 апрел хабар дода буд.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои дастгирии табибони Тоҷикистон иқдоми ҷамъоварии маблағ – “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!”-ро роҳандозӣ мекунад. Он тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён (ризокорон) ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад.

Дар доираи он “Азия-Плюс” ба эҳтиёҷмандон бо таҷҳизот ва маводи тиббӣ, ғизо ва маълумоти муфид ёрӣ мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...