Ҳукумат ба сокинони осебдидаи Хуросон кумак фиристод

Мусои Бобоҳоҷӣ

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон кумак фиристод. Он аз масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббӣ иборат буда, бо 33 автомашинаи боркаш имрӯз аз Душанбе бурда шуд.

Ба вилояти Хатлон имрӯз ҳамагӣ қатораи иборат аз 230 автомашинаи боркаш бо кумаки башардӯстона сафарбар гардид, ки натанҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ, балки барои дастгирии табибони машғул ба мубориза бо COVID-19 ва беморони коронавирус пешбинӣ шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси вилоят Носирҷон Маъмурзода хабар дод, барои сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон 42 тонна маҳсулоти ғизоӣ: 16-тоннагӣ пиёзу картошка ва сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, 4 тонна макарон, 4 тонна марҷумак (гречка), 4 тонна равған ва дигар навъи хозуқа фиристода шудааст.

Ба ин ноҳияе, ки аз омадани селу лойқа осеби зиёд дид, инчунин масолеҳи сохтмон: шиферу арматура ва семент ирсол карда шуд.

Ғайр аз ин, наздики 200 мошинҳои боркаш бо маҳсулоти озуқаворӣ, маводи доруворӣ ва тиббӣ байни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тақсим карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз аз созмонҳои байнулмилалӣ низ  ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон кумак расид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 19 май Кумита бо дастгирии созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, ба монанди Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ (UNICEF), Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ба миқдори 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 300 бастаи беҳдоштӣ, 300  зарфҳо (10 литра) барои оби нӯшокӣ, 100 ҳазор  қуттӣ доруворӣ барои безараргардонии оби нӯшокӣ ирсол ва миёни сокинони осебдидаи ноҳия тақсим кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...