Ҳукумат ба сокинони осебдидаи Хуросон кумак фиристод

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон кумак фиристод. Он аз масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббӣ иборат буда, бо 33 автомашинаи боркаш имрӯз аз Душанбе бурда шуд. Ба вилояти Хатлон имрӯз ҳамагӣ қатораи иборат аз 230 автомашинаи боркаш бо кумаки башардӯстона сафарбар гардид, ки натанҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ, балки барои дастгирии […]

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон кумак фиристод. Он аз масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббӣ иборат буда, бо 33 автомашинаи боркаш имрӯз аз Душанбе бурда шуд.

Ба вилояти Хатлон имрӯз ҳамагӣ қатораи иборат аз 230 автомашинаи боркаш бо кумаки башардӯстона сафарбар гардид, ки натанҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ, балки барои дастгирии табибони машғул ба мубориза бо COVID-19 ва беморони коронавирус пешбинӣ шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси вилоят Носирҷон Маъмурзода хабар дод, барои сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон 42 тонна маҳсулоти ғизоӣ: 16-тоннагӣ пиёзу картошка ва сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, 4 тонна макарон, 4 тонна марҷумак (гречка), 4 тонна равған ва дигар навъи хозуқа фиристода шудааст.

Ба ин ноҳияе, ки аз омадани селу лойқа осеби зиёд дид, инчунин масолеҳи сохтмон: шиферу арматура ва семент ирсол карда шуд.

Ғайр аз ин, наздики 200 мошинҳои боркаш бо маҳсулоти озуқаворӣ, маводи доруворӣ ва тиббӣ байни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тақсим карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз аз созмонҳои байнулмилалӣ низ  ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон кумак расид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 19 май Кумита бо дастгирии созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, ба монанди Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ (UNICEF), Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ба миқдори 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 300 бастаи беҳдоштӣ, 300  зарфҳо (10 литра) барои оби нӯшокӣ, 100 ҳазор  қуттӣ доруворӣ барои безараргардонии оби нӯшокӣ ирсол ва миёни сокинони осебдидаи ноҳия тақсим кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...