Дар Панҷакент ба истеҳсоли ниқобҳо бо маҳлули нуқра оғоз карданд

Элшод Ҳасанов, махсус барои Asia-Plus

Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар ҳамдастӣ бо муассисаи “Маърифатпарвар” ба истеҳсоли ниқобҳое оғоз кардаанд, ки дар таркиби онҳо маҳлули нуқра истифода шудааст. Технологияи мазкур бо тавсияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва тасдиқи “Тоҷикстандарт” бори нахуст дар кишвар роҳандозӣ шудааст.

Аваз Салимов, ҷонишини директор оид ба таълим дар коллеҷи технологияҳои инноватсионии назди Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло дар ин ҷо тӯли як шабонарӯз то 10 ҳазор ниқоб истеҳсол мешавад ва дар ҳолати зарурӣ бо ташкили ду басти кор теъдоди онҳоро ба 20 ҳазор адад расонида метавонанд. Қисме аз ниқобҳои истеҳсолшуда ба кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ройгон тақсим карда шуда, боқимонда бо нархи яклухти аз 1,5 то 2 сомонӣ ба мардум фурӯхта мешаванд.

“Мо айни замон ду навъи ниқоб истеҳсол мекунем, ки онҳоро метавон батакрор истифода кард. Намуди аввал аз 4 қабат дока ва намуди дуюм аз 2 қабат матои махсус бо изофаи як қабат дока иборат аст. Қабати мобайнии ҳар ду намуд бо маҳлули нуқра коркард мешаванд”, – иброз дошт Салимов.

Ӯ мегуяд, маҳлули нуқра хусусияти зиддивирусӣ дошта, ниқоби мазкур дар давоми 24 соат одамро аз бемориҳое, ки тавассути роҳҳои нафас сироят мешаванд, эмин нигоҳ дошта метавонад.

Вай афзуд: “Нуқра дар вақти шустан ё дарзмол кардан бухор намешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи батакрори ин навъи ниқоб, хусусияти муҳофизатии он гум намешавад. Технологияи мазкур таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, истеҳсоли ниқобҳо бевосита аз тарафи ин шахс тавсия шудааст. Ин технологияро “Тоҷикстандарт” низ тасдиқ кардааст”.

Ба қавли ӯ, ҳоло 20 нафар ҳамарӯза дар истеҳсолот кор мекунанд. Қувваи корӣ асосан аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷи дӯзандагӣ таъмин гаштааст. Ба ҷуз ин, якчанд зани хонашин ҳам, ки ба кор ниёз доштанд, ҷалб шудаанд. Барои дӯхтани як ниқоб 20 дирам ҳаққи заҳмат пешниҳод шуда, музди моҳонаи ҳар як дӯзанда то 3000 сомониро ташкил медиҳад.

“Нақша дорем, дар ояндаи наздик фаъолиятро дар ду баст роҳандозӣ карда, 56 нафарро бо кори доимӣ таъмин созем. Дар оғози истеҳсолот мо мақсад доштем, танҳо донишҷӯён ва кормандони муассисаи худро бо ниқоб таъмин кунем. Аммо баъдан ба хулосае омадем, ки тавони таъмини дигаронро ҳам дорем. Ба кормандону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ниқобҳо ройгон тақсим карда мешаванд”, – гуфт Салимов.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш олимони Донишгоҳи политехникии Томски Русия низ коркарди ниқобҳоро бо маҳлули нуқра пешниҳод карда, иброз доштанд, ки он ба навъҳои зиёди вирусҳо метавонад зиддият нишон диҳад. Нархи маҳлули нуқра, ба гуфтаи онҳо, аз антибиотикҳо арзонтар буда, метавонад то ду сол пас аз истеҳсол истифода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...