Аз президенти Тоҷикистон эълони “таътилҳои қарзӣ” дархост мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар шабака муроҷиатномае нашр шуд, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эълони “таътилҳои қарзӣ”-ро дархост мекунанд.

Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки “ҳар як оила дар Тоҷикистон ба зарар ва маҳрумиятҳои зиёде дучор шудааст”, зеро “ҳар кадоме аз мо аз ин ё бонк қарздорем”.

Муаллифони муроҷиатнома таъкид месозанд, ки то пайдоиши коронавируси нав “саривақту аз рӯйи виҷдон қарзҳои худро пардохт мекарданд, лекин имрӯз ба ин қодир нестанд”.

“Дар шартнома бо бонкҳо банде ҳаст, ки дар он ҳолати ғайримунтазира (фавқулода) зикр шуда, дар он бонкҳо бояд шароити мизоҷро ба инобат гиранд, лекин бонкҳо эътирофи пандемияро ҳамчун ҳолати ғайримунтазира рад мекунанд”, – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки бисёре аз шаҳрвандон бо пасандозҳои охирини худ қарзҳои моҳи апрелро пардохта, ҳозир ғайри қобили пардохт шудаанд.

“Рӯзгори фарзандону оила ва дастгирии волидони пиронсоламонро бо душворӣ таъмин карда истодаем. Наздикону хешовандон аз Русия пул намефиристанд, чунки дар он ҷо бекоранд”, – таъкид шудааст дар муроҷиатнома.

Дар ин робита онҳо аз президенти мамлакат дархост намудаанд, ки дар ҳалли ин вазъи душвор мусоидат кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...