Аз президенти Тоҷикистон эълони “таътилҳои қарзӣ” дархост мешавад

Дар шабака муроҷиатномае нашр шуд, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эълони “таътилҳои қарзӣ”-ро дархост мекунанд. Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки “ҳар як оила дар Тоҷикистон ба зарар ва маҳрумиятҳои зиёде дучор шудааст”, зеро “ҳар кадоме аз мо аз ин ё бонк қарздорем”. Муаллифони муроҷиатнома таъкид месозанд, ки то пайдоиши коронавируси […]

Дар шабака муроҷиатномае нашр шуд, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эълони “таътилҳои қарзӣ”-ро дархост мекунанд.

Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки “ҳар як оила дар Тоҷикистон ба зарар ва маҳрумиятҳои зиёде дучор шудааст”, зеро “ҳар кадоме аз мо аз ин ё бонк қарздорем”.

Муаллифони муроҷиатнома таъкид месозанд, ки то пайдоиши коронавируси нав “саривақту аз рӯйи виҷдон қарзҳои худро пардохт мекарданд, лекин имрӯз ба ин қодир нестанд”.

“Дар шартнома бо бонкҳо банде ҳаст, ки дар он ҳолати ғайримунтазира (фавқулода) зикр шуда, дар он бонкҳо бояд шароити мизоҷро ба инобат гиранд, лекин бонкҳо эътирофи пандемияро ҳамчун ҳолати ғайримунтазира рад мекунанд”, – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки бисёре аз шаҳрвандон бо пасандозҳои охирини худ қарзҳои моҳи апрелро пардохта, ҳозир ғайри қобили пардохт шудаанд.

“Рӯзгори фарзандону оила ва дастгирии волидони пиронсоламонро бо душворӣ таъмин карда истодаем. Наздикону хешовандон аз Русия пул намефиристанд, чунки дар он ҷо бекоранд”, – таъкид шудааст дар муроҷиатнома.

Дар ин робита онҳо аз президенти мамлакат дархост намудаанд, ки дар ҳалли ин вазъи душвор мусоидат кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.