Сементи Тоҷикистон боз ба Ӯзбекистон фурӯхта мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Ӯзбекистон бо гузашти се ҳафта боз воридоти сементро ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар иҷоза дод.

“Пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ, Вазорати сохтмон ва Ассотсиатсияи “Узпромстройматериал” дар бораи аз 25 май барқарор кардани воридоти маҳсулоти сементӣ маъқул дониста шавад”, – гуфта мешавад дар қарори рӯзи 22 май қабулшудаи Девони вазирони Ӯзбекистон.

Манъи воридоти ни навъи масолеҳи сохтмон аз 1 май то 31 декабри соли 2020 бо қарори охири моҳи апрел қабулшудаи Девони вазирони ин кишвар ҷорӣ гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин санад зикр гардида буд, ки Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ дар сурати зарурат бо назардошти вазъ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷараёни паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ, метавонад пеш аз муҳлат қатъ шудани ин маҳдудиятро пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон харидори асосии сементи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноати ҷумҳурӣ, соли 2019 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳудуди 900 ҳазор тонна семент содирот шудааст.

Ин нишондиҳанда чоряки содирот аз ҳаҷми умумии сементи ба хориҷи кишвар содиротшудаи корхонаҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Даромад аз фурӯши ин навъи масолеҳи сохтмон ба кишвари ҳамсоя ба зиёда аз 50 млн доллар баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...