Ёдгор Файзов: «Муолиҷаи зиддивирусӣ аз Covid-19 мегирам ва беҳбудӣ ҳаст»

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов рӯзи душанбе аз беморхона ҷавоб дода мешавад. Дар ин бора ба "Азия-Плюс” худи ӯ дар суҳбати телефонӣ хабар дод.

Ӯ ба ҳамаи тоҷикистониёне, ки аз вазъи солимии ӯ дар ташвиш буданд, изҳори сипос кард. "Худро хуб ҳис мекунам ва табибон гуфтанд, ки рӯзи душанбе аз беморхона рухсат медиҳанд. Натиҷаи тест ҳол наомадааст, лекин ин аллакай он қадр муҳим нест, ман муолиҷаи зиддивирусӣ аз Covid-19 мегирам ва беҳбудӣ ҳаст”, – гуфт ӯ.

Файзов қайд кард, ки мавҷуд набудани озмоишгоҳи вирусологӣ дар ВМКБ кори табибонро душвор мекунад.

“Мо ҳозир ба Чин фармоиш фиристодем ва ҳоло маълум нест, ки таҷҳизот кай ба мо дастрас мегардад. Худо кунад, ки вақти дастрас шудани таҷҳизот ва таъсиси озмоишгоҳ ин беморӣ гум шуда бошад”, – иброз дошт раиси ВМКБ.

Зимнан зикр шуд, ки раиси вилоят бо кормандони ҳукумат тариқи телефон ҳамеша дар тамос аст.

“Ҳозир бори навбатӣ бо кормандони ҳукумат дар алоқа шуда, бори дигар барои дарёфти ксилород ва дигар маводи тиббии зарурӣ барои табибон ва мардуми минтақа дастур додам. Дигар масъалаҳоро ҳам бо телефон ҳал мекунем. Ҳамаи ин корҳо барои мо як сабақе шуд, дар ҳама гуна ҳолат бояд омода бошем”, – афзуд Ёдгор Файзов.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус ҳукумати ВМКБ равуои шаҳрвандонро аз дигар минтақаҳои вилоят ба шаҳри Хоруғ ба ҷуз кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳукумат маҳдуд кард: ба шахсоне, ки аз пойтахт меоянд, ин маҳдудият дахл надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...