Афзоиши даромади операторони хусусӣ дар Тоҷикистон

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ даромади операторони хусусӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 13,2% афзуд. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин давра онҳо наздики 614 млн сомонӣ (60 млн доллар) даромад ба даст овардаанд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 72 млн сомонӣ зиёдтар аст. Ҳамчунин даромадҳои оператори миллии алоқа […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ даромади операторони хусусӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 13,2% афзуд. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин давра онҳо наздики 614 млн сомонӣ (60 млн доллар) даромад ба даст овардаанд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 72 млн сомонӣ зиёдтар аст.

Ҳамчунин даромадҳои оператори миллии алоқа (“Тоҷиктелеком”), КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои Хадамоти алоқа  ба андозаи 8,5% – аз 40 млн сомонӣ дар моҳҳои январ-марти соли гузашта то ба 43,4 млн сомонӣ дар ҳамин давраи соли равон зиёд шудааст.

Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқаи кишвар 93,4%-ро ташкил додааст.

То 1 апрели соли равон шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон наздики 3,2 нафар муштариён ва теъдоди корбарони алоқаи мобилӣ – қариб 6,1 млн нафарро ташкил додааст, ки ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Қобили зикр аст, ки даромади операторони хусусӣ тайи солҳои охир мантазам коҳиш меёфт. Соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ кам шуда, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил дода буд.

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон чор ширкат – ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline) мавқеи афзалиятнок доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.