Истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон 3 баробар афзуд

Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 42 ҳазор тонна гӯшти чорвои калони шохдор ва хурд истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – 3,5% камтар аст. Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра қариб 7 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 42 ҳазор тонна гӯшти чорвои калони шохдор ва хурд истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – 3,5% камтар аст.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра қариб 7 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 баробар зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли шир зиёда аз 241 ҳазор тоннаро ташкил дода, 1,2% камтар нисбат ба чор моҳи соли 2019 аст. Истеҳсоли тухм 45% зиёд шуда, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ба 293 млн дона расидааст.

Мувофиқи омори расмӣ, дар муқоиса бо моҳи март нархи гӯшти мурғ дар моҳи гузашта ба андозаи 0,8% поин рафтааст.

Моҳи апрел арзиши гӯшт дар умум 0,5% афзуда, нархи ширу тухм баръакс – мутаносибан ба андозаи 2,7 ва 4,9% коҳиш ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.