«Эйр Индия» имрӯз 143 шаҳрвандашро аз Тоҷикистон ба ватан мебарад

Имрӯз, 28 май хатсайри махсуси ширкати “Эйр Индия”143 шаҳрванди Ҳиндустонро аз Душанбе ба Ҷайпур (Раҷастан) интиқол диҳад. Дар назар аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон низ бо ин парвози ба Душанбе меояд. Рӯзи 27 май ҳукумати Ҳиндустон барои бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва шаҳрвандони Ҳиндустон, ки дар Тоҷикистон буданд, парвози махсусро тавассути ширкати Эйр Индия […]

Имрӯз, 28 май хатсайри махсуси ширкати “Эйр Индия”143 шаҳрванди Ҳиндустонро аз Душанбе ба Ҷайпур (Раҷастан) интиқол диҳад. Дар назар аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон низ бо ин парвози ба Душанбе меояд.

Рӯзи 27 май ҳукумати Ҳиндустон барои бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва шаҳрвандони Ҳиндустон, ки дар Тоҷикистон буданд, парвози махсусро тавассути ширкати Эйр Индия ташкил кард.

Бо хатсайри АИ-1983, 45 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар курсҳои гуногуни аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон ташкилшуда таҳсил мекарданд ва ба сабаби паҳншавии Ковид-19 ва баста шудани фурудгоҳҳо дар Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар он ҷо дармонда буданд, ба ватан баргаштанд.

Пас аз бозгашт хатсайри мазкур 143 нафар шаҳрванди Ҳиндустонро аз Душанбе ба Каннур (Керала) бо худ мебарад.

Сафорат бо мақомоти дахлдори Ҳиндустон тамос мегирад, то парвозҳои иловагиро барои эвакуатсияи ҳиндуёни боқимонда дар Тоҷикистон, ки хоҳиши бозгашт ба Ҳиндустон доранд, ташкил кунанд.

Амалигардонии ин парвозҳои махсус равобити аълои дуҷонибаи Ҳиндустон ва Тоҷикистон ва ҳамкориҳои зичро дар ҳама масъалаҳо, аз ҷумла дар соҳаи муносибатҳои байнимардумӣ таҷассум мекунад.

Аз номи ҳукумати Ҳиндустон, сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ изҳори сипос мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, Вазорати авиатсияи граждании Ҳиндустон, Вазорати тандурустӣ ва беҳдошти оилавии Ҳиндустон, Вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон ва ширкати Эйр Индия дар ташкили ин парвозҳои махсус ва ба ватан бурдани шаҳрвандони Ҳиндустон, ки аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон бароварда шудаанд, нақши муҳим доранд.

Сафорат талошҳои ин вазоратҳоро қадр мекунад ва ба онҳо барои ҳамкорӣ ва дастгирии бебаҳо изҳори миннатдорӣ менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.