50 тонна олуи Кӯшониён ба Санкт-Петербург рафт

Рӯзи 27 май 50 тонна олуи соҳибкорони маҳаллӣ аз ноҳияи Кӯшониён ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия фиристода шуд. Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, соҳибкорон олуро дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои боркаш ба Санкт-Петербург раҳсипор намуданд. Гуфта мешавад, ҳамчунин аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ соҳибкорон ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷот содирот […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Рӯзи 27 май 50 тонна олуи соҳибкорони маҳаллӣ аз ноҳияи Кӯшониён ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия фиристода шуд.

Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, соҳибкорон олуро дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои боркаш ба Санкт-Петербург раҳсипор намуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ соҳибкорон ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷот содирот кардаанд. Бо иловаи лимӯ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, то 27 май ҳамагӣ 139 тонна меваҷот ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст.

“Имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд”, – омадааст дар хабари маркази матбуот.

Ба иттилои манбаъ, то 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна бештар аст.

Зикр мегардад, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Русия ва Қирғизистон фиристода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.