Имсол беш аз 296 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид карданд

Давоми моҳҳои январ-марти соли равон 296,1 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки 288,4 ҳазор нафарашон сайёҳон мебошанд. Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори сайёҳони хориҷӣ 42,1% афзудааст. Шумори бештари сайёҳон аз Ӯзбекистон (197 ҳазор), Русия (43,2 ҳазор), Қирғизистон (37,1 ҳазор) ва Қазоқистон (4,7 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-марти соли равон 296,1 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки 288,4 ҳазор нафарашон сайёҳон мебошанд.

Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори сайёҳони хориҷӣ 42,1% афзудааст.

Шумори бештари сайёҳон аз Ӯзбекистон (197 ҳазор), Русия (43,2 ҳазор), Қирғизистон (37,1 ҳазор) ва Қазоқистон (4,7 ҳазор) ба қайд гирифта шудааст.

Байни кишварҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон сайёҳон бештар аз Афғонистон (3 ҳазор), Чин (1,2 ҳазор), Туркия (900 нафар), ИМА (500 нафар) ва Эрон (400 нафар) омадаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, ба аввали соли равон дар Тоҷикистон 161 ширкати сайёҳӣ, 184 меҳмонхона, 26 хостелу мотел (хобгоҳҳо), 44 осоишгоҳ, 9 маркази истироҳату солимӣ, 9 истироҳатгоҳ, 1 пансионат (дармонгоҳ), 1 кемпинг ва 3 пойгоҳи сайёҳӣ фаъолият мекунанд.

Шумори кормандони субъектҳое, ки хизматгузориҳои сайёҳӣ пешниҳод мекунанд, наздики 232 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.