Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ҳиндустон ба ватан баргардонд

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Ҳиндустон рӯзи 27 май 45 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, онҳо бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Эйр Индия” ба ватан оварда шуданд. Бо ҳамин ҳавопаймо шаҳрвандони бар асари пандемия […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Ҳиндустон рӯзи 27 май 45 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, онҳо бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Эйр Индия” ба ватан оварда шуданд.

Бо ҳамин ҳавопаймо шаҳрвандони бар асари пандемия дар Тоҷикистон дармондаи Ҳиндустон ба Деҳлӣ парвоз карданд.

Қаблан як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меоянд, тести ташхиси коронавирус гирифта мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи шаҳрвандони аз Деҳлӣ омада ба карантини дуҳафтаина гирифта шудаанд.

“Аз ҳамаи касони ба ватан баргашта тести ташхиси коронавирус мегирем ва агар натиҷаи тест манфӣ барояд, онҳоро ҷавоб медиҳем, лекин агар натиҷа мусбат бошад, барои муолиҷа ба беморхона мефиристем”, – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, тақдири шаҳрвандони боқимондаи кишвар, ки дар Ҳиндустон ҳузур доранд, алҳол номаълум аст.

Ҳанӯз 19 апрел шаҳрвандони дар Туркия ва Ҳиндустон дармондаи Тоҷикистон ба унвони сарвари давлат бо дархости ба ватан баргардонидани онҳо нома навишта буданд. Он вақт зикр шуда буд, ки беш аз 90 нафар шаҳрвандони мо дар ин кишвар ҳузур доранд, ки аксарияташон барои ҷарроҳӣ ва муолиҷа дар дармонгоҳу бемористонҳои Ҳиндустон ба он ҷо рафта буданд.

Рӯзи 7 май бо хатсайри махсус аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббии барои мубориза бо коронавирус пешбинишуда ба Тоҷикистон  ворид карда шуд.

Ғайр аз ин, бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони COVID-19 низ ба Тоҷикистон оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 20 май Тоҷикистон ба баргардонидани шаҳрвандони худ аз дигар кишварҳо шурӯъ кард. Тайи рӯзҳои охир тоҷикистониён аз шаҳрҳои гуногуни Русия, Туркия, Украина ва ИМА ба ватан оварда шуданд. Рӯзи 29 май як хатсайри бозгашти шаҳрвандон аз Амороти Муттаҳидаи Араб пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.