Гурӯҳи вирусологҳои чинӣ ба Хатлон омаданд

Гурӯҳи иборат аз 14 нафари вирусолог ва мутахассисони соҳаи тандурустии Чин рӯзи 26 май ба вилояти Хатлон омада, бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Гурӯҳи вирусологҳои чиниро дар шаҳри Бохтар муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ба ҳузур пазируфта, вобаста ба чораҳои андешидашуда дар самти  пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19  сӯҳбат карданд. Тавре […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Гурӯҳи иборат аз 14 нафари вирусолог ва мутахассисони соҳаи тандурустии Чин рӯзи 26 май ба вилояти Хатлон омада, бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Гурӯҳи вирусологҳои чиниро дар шаҳри Бохтар муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ба ҳузур пазируфта, вобаста ба чораҳои андешидашуда дар самти  пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19  сӯҳбат карданд.

Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, Фирӯза Шарифӣ гуфтааст, ки мутахассисони Чин дар пешгирӣ ва мубориза бо CОVID-19  таҷрибаи хуб доранд ва машварати онҳо бо мутахассисони тоҷик саривақтӣ ва ба фоидаи кор аст.

“Дар вилояти хатлон 1 ҳазору 666 муассисаҳои тиббӣ фаъолият мекунанд ва дар  умум катҳои бистарикунӣ 12 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Аз моҳи феврал инҷониб дар вилоят ва ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ситодҳои мубориза бо CОVID-19  фаъолият доранд. Дар вилоят мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии CОVID-19   дар вилоят ба ҳолати 15 май аз ҳама сарчашмаҳо наздики 10 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд” – гуфтааст муовини раиси вилоят.

Ҷӣ Венкуй, намояндаи ҳайати табибони чинӣ, дар навбати худ қайд кард, ки мутахассисони чинӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудаанд, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.

“Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон бародарвилоятанд ва мо омодаем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро бо табибони хатлонӣ тақсим кунем.”, – гуфтааст Ҷӣ Венкуй.

Мутахассисони чинӣ баъди сӯҳбату вохӯрӣ бо ҳамтоёни хатлониашон ба ноҳияи Данғара сафар карда, бо вазъи муассисаҳои тиббии ин ноҳия шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи вирусологҳои музофоти Шэнсии Чин рӯзи 24 май бо даъвати шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Тоҷикистон омада буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.