Занони кӯчарӯби пойтахт: Ба қадри заҳмати мо ҳам расед

Баҳриддин Давлатов, Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯзҳо аксарият гӯшанишиниро ихтиёр карда, хеле кам дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд, лекин кормандони хадамоти коммуналӣ кори худро идома дода истодаанд. Ба қавли онҳо, дар ин давра агар партовҳо қадре кам шуда бошанд ҳам, вале бархе то ҳол одатҳои бади худро гум накардаанд.

“Ниқобу дастпӯшакҳои истифодашударо мепартоянд, дар як ҷӯйбор 5-6-тогӣ пайдо мешавад, – мегӯяд яке аз ин занҳо Сайбегим Суламаева. – Мо нимаи шаб то субҳ аз хоб монда, ба кор мебароем, то ки шаҳр тоза бошад, аз ин рӯ, шумо қадре бошад ҳам, ба заҳмати мо арҷ гузоред, хуб мешуд”.

Дастпӯшаку ниқобҳои истифодашударо дар кӯчаву хиёбон ва боғҳо партофтан қатъиян манъ аст, лекин занони кӯчарӯб ҳар рӯз садҳо адади онҳоро пайдо мекунанд.

Музди меҳнати моҳонаи занони кӯчарӯб 800 сомониро ташкил дода, дар ҷашни Рӯзи модар як музди иловагӣ ва дар дигар идҳо низ каме кумакпулӣ мегиранд, лекин аз кори душвори худ шикоят надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...