Занони кӯчарӯби пойтахт: Ба қадри заҳмати мо ҳам расед

Имрӯзҳо аксарият гӯшанишиниро ихтиёр карда, хеле кам дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд, лекин кормандони хадамоти коммуналӣ кори худро идома дода истодаанд. Ба қавли онҳо, дар ин давра агар партовҳо қадре кам шуда бошанд ҳам, вале бархе то ҳол одатҳои бади худро гум накардаанд. “Ниқобу дастпӯшакҳои истифодашударо мепартоянд, дар як ҷӯйбор 5-6-тогӣ пайдо мешавад, – мегӯяд яке […]

Баҳриддин Давлатов, Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯзҳо аксарият гӯшанишиниро ихтиёр карда, хеле кам дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд, лекин кормандони хадамоти коммуналӣ кори худро идома дода истодаанд. Ба қавли онҳо, дар ин давра агар партовҳо қадре кам шуда бошанд ҳам, вале бархе то ҳол одатҳои бади худро гум накардаанд.

“Ниқобу дастпӯшакҳои истифодашударо мепартоянд, дар як ҷӯйбор 5-6-тогӣ пайдо мешавад, – мегӯяд яке аз ин занҳо Сайбегим Суламаева. – Мо нимаи шаб то субҳ аз хоб монда, ба кор мебароем, то ки шаҳр тоза бошад, аз ин рӯ, шумо қадре бошад ҳам, ба заҳмати мо арҷ гузоред, хуб мешуд”.

Дастпӯшаку ниқобҳои истифодашударо дар кӯчаву хиёбон ва боғҳо партофтан қатъиян манъ аст, лекин занони кӯчарӯб ҳар рӯз садҳо адади онҳоро пайдо мекунанд.

Музди меҳнати моҳонаи занони кӯчарӯб 800 сомониро ташкил дода, дар ҷашни Рӯзи модар як музди иловагӣ ва дар дигар идҳо низ каме кумакпулӣ мегиранд, лекин аз кори душвори худ шикоят надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.