Даҳҳо тан захмиён дар муноқишаи сокинон дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон

Радиои Озодӣ

Рӯзи 31-уми май дар марзи вилояти Бодканди Қирғизстон ҳамсарҳад бо минтақаи Сӯхи Ӯзбекистон миёни сокинони ин минтақаи марзӣ муноқиша бархост. Онҳо ба сӯи ҳамдигар сангандозӣ карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои хабарнигори "Озодлик" – бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, дар ҷараёни ин даргириҳо аз ҷониби Ӯзбекистон ду хонаи сокинон ва аз ҷониби Қирғизистон як хона ба оташ кашида шудааст. Нерӯҳои марзбонии Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир вазъ зери назорат аст.

Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ӯзбек ва қирғиз дар якҷоягӣ вазъро назорат мекунанд. Ин тасмим дар пайи гуфтугӯи мақомоти маҳаллӣ, ки рӯзи 31-уми май баргузор шуд, ба даст омадааст.

Дар ин гуфтугӯҳо аз ҷониби Ӯзбекистон ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ва раиси ноҳияи Сӯх ширкат кардаанд. Ҷониби Қирғизистонро дар ин музокирот муовини аввали Намояндаи мақомот дар вилояти Бодканд Жаркинбек Максутов ва ҳокими ноҳияи Қадамҷо Алгинбай Имаров намояндагӣ кардаанд.

Раиси ноҳияи Қадамҷой Алгинбай Имаров ба "Азаттик" – бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯ ду тараф ба мувофиқа расиданд, ки вазъро дар марз назорат кунанд ва ба беназмиҳо иҷозат надиҳанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки 15 захмии муноқишаи марзӣ, ба яке аз дармонгоҳҳо дар шаҳри Айдаркен интиқол ёфтанд. Дар ҳоли ҳозир чаҳор тани ин афрод дар бемористон зери муолиҷа ҳастанд, ки вазъи ду нафари онҳо вахим мебошад.

Қаблан як сокини ноҳияи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 16 узбекистонӣ дар ҷараёни ин муноқиша захм бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуданд.

Як сокини ноҳияи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муноқишаи рӯзи 31-уми май наздикиҳои зӯҳр дар наздикии чашмае бо номи "Чашма" рух додааст. Ба фарзияи манбаи "Азаттик", ҳар сол мардуми ду тараф аз роҳи ҳашар чашмаро покиза мекунанд ва ҳангоми ҳашар ҷанҷол бархостааст. Пас аз он ҷонибҳо ба сӯи якдигар сангандозӣ кардаанд.

"Муноқиша замоне рух дод, ки сокинони ноҳияи Сӯх ба наздики чашма омаданд. Сокинони деҳаи қирғизҳо исрор карданд, ки онҳо аввал об мегиранд. Дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар зад ва ҷонибҳо ба сӯи якдигар сангандозӣ карданд. Гуфта мешавад, ки 16 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд. Ин бор даргирӣ бисёр зиёд буд",-гуфт ин манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш.

Раёсати марзбонии Хадамоти давлатии амнияти давлатии Ӯзбекистон дар "Телеграм"-и худ хабар додааст, ки барои ҳалли мушкил дар марз, раҳбарони масъули мақомоти маҳаллии ду кишвар мулоқот карданд.

"Дар ҳоли ҳозир вазъ зери назорат аст. Талошҳои муносиб барои аз байн бурдани паёмадҳои даргирӣ анҷом мешавад", – омадааст дар ин хабар.

Узбекистону Қирғизистон 1379 километр марзи муштарак доранд ва тақрибан 5 дар сади он тақсиму аломатгузорӣ нашудааст. Сарҳади Сӯх аз ҳамин қабил порчаи марз аст ва дар инҷо байни мардуми ду тараф барои обу замину чарогоҳ ҷанҷол мехезад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...