Кумаки “Халиқ бонк Тоҷикистон” ба 2 муассисаи тиббӣ ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ

Дастгирӣ ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ, ки аз автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ, инчунин воситаҳои муҳофизати инфиродӣ иборат аст, ба табибони Беморхонаи сироятии Душанбе ва беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дастрас шуд. ҶСП “Халиқ бонк Тоҷикистон” (Halyk Bank) ба ду муассисаи тиббии ҷумҳурӣ – Беморхонаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе ва беморхонаи №3-и ба номи […]

Дастгирӣ ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ, ки аз автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ, инчунин воситаҳои муҳофизати инфиродӣ иборат аст, ба табибони Беморхонаи сироятии Душанбе ва беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дастрас шуд.

ҶСП “Халиқ бонк Тоҷикистон” (Halyk Bank) ба ду муассисаи тиббии ҷумҳурӣ – Беморхонаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе ва беморхонаи №3-и ба номи М.Рустамови ҷамоати Х.Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумак кард.

“Халиқ Бонк” ба муассисаҳои тиббӣ 2 адад автомашинаҳои ёри таъҷилии тамғаи Damas Labo, истеҳсоли соли 2020 ба маблағи 157 ҳазору 200 сомонӣ, ҳамчнуин 1 ҳазору 652 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 1 ҳазор ниқобҳои тиббии дуқабата, 500 маҳлули антисептикӣ, 100 айнаки муҳофизатӣ, 100 респиратори Super wind FFP-1, 200 маҷмӯи либос ва 10 ҳароратсанҷ тақдим намуд. Ба ин тариқ, маблағи умумии кумак зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил дод.

Маросими супурдани кумак дар ҳузури раиси Раёсати “Халиқ бонк Тоҷикистон” Нурлан Абилкаиров, директорони Беморхонаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибов ва беморхонаи ноҳияивии №3 Рауф Муллобоев баргузор шуд.

“Халиқ Бонк” муддати беш аз 11 сол инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин давра кишвар хонаи дуюми мо шуд. Ва ҳамчун қисмате аз ин ҷомеа мо мехоҳем, ки ба сифати кумаки ройгон дар мубориза бо вирус саҳми худро гузорем. Ин кумак нишони ғамхорӣ ва миннатпазирӣ ба қаҳрмаонони мо – табибон мебошад, ки дар сафҳои аввал бо COVID-19 дар набарданд. Онҳо моро муҳофизат намуда, мо бояд онҳоро ҳимоя кунем. Ҳамроҳ пирӯз мешавем”, – гуфт Нурлан Абилкаиров.

“Барои кумаки саривақтӣ ва таваҷҷуҳ ба “Халиқ Бонк Тоҷикистон” арзи сипоси амиқ баён мекунем. Ҳар вақте ки мо ғамхории ҷомеаро дидаву эҳсос мекунем, хеле хушнуд гардида, рӯҳияамон баланд мешавад, ки бидуни шакку шубҳа ба кори ёрӣ мерасонад”, – қайд карданд табибон Хуршед Ҳабибов ва Рауф Муллобоев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.