Сафорати Тоҷикистон дар Русия: ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накунед

Date:

Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад.

Тавре сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд.

“Бинобар ин, аз ҳамаи шумо бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ (автобус, таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар) худдорӣ намоед”, – дархост мешавад дар маълумоти сафорат.

Сафорат хотиррасон мекунад, ки сарҳадҳои давлатӣ миёни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи дар натиҷаи сирояти коронавирус ба вуҷуд омада, ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиётӣ, манъ аст.

“Дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, шумо тавассути сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии сафорат Россия хабардор карда мешавед”, – гуфта мешавад дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...