Дар Душанбе микрорайони нав сохта мешавад

Микрорайони нави “Лучоб дар пойтахти Тоҷикистон дар майдони 25 гектар сохта мешавад. Дар он ҳудуди 30 хонаи баландошёна, иншооти соҳаи маориф, таъиноти иҷтимоӣ ва биноҳои маъмурӣ бунёд карда мешаванд. Тавре ба Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар микрорайони нав, ки дар мавзеи боғи фарҳангу истироҳати “Умари Хайём” бунёд […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Микрорайони нави “Лучоб дар пойтахти Тоҷикистон дар майдони 25 гектар сохта мешавад. Дар он ҳудуди 30 хонаи баландошёна, иншооти соҳаи маориф, таъиноти иҷтимоӣ ва биноҳои маъмурӣ бунёд карда мешаванд.

Тавре ба Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар микрорайони нав, ки дар мавзеи боғи фарҳангу истироҳати “Умари Хайём” бунёд мегардад, ширкати ватании “Себистон машғул аст.

Лоиҳаи сохтмони микрорайон аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати пойтахт дар доираи амалисозии Нақшаи генералии Душанбе лоиҳакашӣ шуда, анҷоми сохтмони он моҳи сентябри соли 2022 дар назар аст.

Тавре қаблан хабар дода будем, дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт 5 микрорайони нав таъсис дода мешавад.

Дар микрорайонҳои нав ба ҷуз биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ, дигар қариб ҳамаи бинову иншооти куҳнаву фарсуда кӯчонида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.