Дар Душанбе 5 микрорайони нав таъсис дода мешавад

Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт панҷ микрорайони нав таъсис дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе. Дар микрорайонҳои нав ба ҷуз биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ, дигар қариб ҳамаи бинову иншооти куҳнаву фарсуда кӯчонида мешавад. Микрорайони нави 121 дар қаламрави […]

Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт панҷ микрорайони нав таъсис дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Дар микрорайонҳои нав ба ҷуз биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ, дигар қариб ҳамаи бинову иншооти куҳнаву фарсуда кӯчонида мешавад.

Микрорайони нави 121 дар қаламрави маҳаллаи Испечак-1 бунёд мегардад. Микрорайон аз шимол кӯчаи Нусратулло Махсум, аз ҷануб – Канали калони Ҳисор, аз шарқ – чанде аз қисмати микрорайони 102-юм ва аз шарқ – мавзеи назди бинои сафорати ИМА дар Душанберо фаро мегирад.

Микрорайони нави дигар – 113-ум дар қаламрави маҳаллаи Испечак-2 бо фарогирии қисмате аз кӯчаи Нусратулло Махсум, аз шарқ – кӯчаи Ҳисор ва аз ғарб – кӯчаи Испечак ташкил карда мешавад.

Микрорайони сеюм – 31-ум аз шарқ – хиёбони Саъдии Шерозӣ, аз ҷануб – маҳаллаи Роҳи нав, аз шарқ – кӯчаи Раҳмон Набиев ва аз  ғарб – кӯчаи Маяковскийро дар бар хоҳад гирифт.

Қаламрави микрорайони нави чорум аз маҳаллаи Чортут, аз шимол – кӯчаи Абай, аз ҷануб – маҳаллаи Хуҷандӣ ва кӯчаи Деҳотӣ, аз шарқ – хиёбони Борбад ва аз ғарб – Корхонаи истеҳсоли ноқил (Кабелный завод) иборат хоҳад буд.

Микрорайони панҷуми №10 дар қаламрави маҳаллаи Камонгарон бунёд гардида, аз шимол – кӯчаи Ҳувайдуллоев ва аз ҷануб – кӯчаи Клара Сеткинро дар бар мегирад.

 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.